ИФТИТОҲИ СЕХИ КОРКАРДИ ЧИГИТ

Декабрь 15, 2010 16:59

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз ҳисоби маблағҳои грантие, ки Агентии Швейтсария барои ҷумҳурии мо ҷудо менамояд, дар ноҳияи Ҳисор лоиҳаи нав   барои дастгирии  хоҷагии қишлоқ  амалӣ гардид.    Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа сехи  коркарди кимиёвии чигити пахта сохта ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ маблағи лоиҳаи мазкур зиёда аз як миллион сомониро ташкил намуд. Ҳадафи асосии лоиҳа  cанҷидани тухмии чигит, ҳамчунин гузаронидани дигар санҷишҳо оид ба сатҳи тозагӣ ва ҳаҷми тухмиҳо мебошад.    «  Масалан, пас аз гузаронидани коркард муайян гардид, ки дар як гектар 25  килограмм тухмӣ сарф мешавад. Бе гузаронидани ин гуна коркард пештар дар як гектар 80 килограмм тухмӣ сарф менамуданд. Иқтидори корхона имкон медиҳад, ки  дар як соат 100 килограмм тухмӣ коркард шавад»,- таъкид намуд манбаъ. Дар назар аст, ки соли оянда чунин сехҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон сохта шаванд. Барои  амалигардонии  ин лоиҳаҳо маблағ  аз ҷониби Бонки Рушди Аврупо ҷудо мегардад. Айни замон корҳои омодагӣ   барои  интихоби ҷой барои  таҷҳизоти зарурӣ   идома доранд.       

Декабрь 15, 2010 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад