ИНТИҚОЛИ ФИРОРИЁН АЗ КОБУЛ БА ДУШАНБЕ
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Маркази робитаҳои ҷамъиятии органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад: ки тибқи маълумотҳои дақиқу саривақтии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мақомоти амнияти Афғонистон рӯзи 18 декабр дар қаламрави кишвари ҳамсоя 7 ҷинояткори махсусан хатарнок: аз ҷумла 5 нафарашон: ки шаби 22 ба 23 августи соли равон аз Маҳбасхонаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор намуда буданд, дастгир карданд. Инҳо: 1. Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич: бо тахаллуси «Кури малыш»: соли таваллудаш 1975 зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон: аъзои созмонҳои террористии «Ал-Қоида» ва «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»: омодагии ҷангиро дар бошишгоҳи минтақаи Вазиристони Покистон ва Афғонистон гузаштааст: тибқи талаботи моддаҳои 32 қисми 2: 170: 187 қисми 2: 195 қисми 3: 245 қисми 2: 306: 328 қисми 2 — и Кодекси Ҷиноятии ҶТ ба мӯҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. 2. Орифҷонов Баҳром Обидҷонович соли таваллудаш 1981: зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд: аъзои созмонҳои террористии «Ал-Қоида» ва «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»: омодагии ҷангиро дар бошишгоҳи минтақаи Вазиристони Покистон ва Афғонистон гузаштааст: тибқи талаботи моддаҳои 187 қисми 2: 305: 306: 335 қисми 2-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ ба мӯҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. 3. Маҳмадамир валади Қурбоналӣ: соли таваллудаш 1987: зодаи деҳаи Қағнии вулусволии Дарқади вилояти Таёори Афщонистон: аъзои фаъоли гурӯҳи муташаккили трансмиллии нашъаҷаллоб: тибқи талаботи моддаҳои 195 цисми 3: 289 қисми 4: 335 қисми 2-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. 4. Муҳаммадвали валади Тозагул: соли таваллудаш 1977: зодаи деҳоти Майданодаи вулусволии Дарқади вилояти Таҳори Афщонистон: аъзои фаъоли гурӯҳи муташаккили трансмиллии нашъаҷаллоб: тибқи талаботи моддаҳои 195 қисми 3: 200 қисми 4: 289 қисми 4: 335 қисми 2-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ ба мӯҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. 5. Муҳаммадзокир валади Маҳмадҳалим: соли таваллудаш 1981: зодаи деҳаи Қағнии вулусволии Дарқади вилояти Таҳори Афғонистон: аъзои фаъоли гурӯҳи муташаккили трансмиллии нашъаҷаллоб: тибқи талаботи моддаҳои 104 қисми 2: 195 қисми 3: 199 қисми 4: 289 қисми 4: 335 қисми 2-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ ба ҳабси якумра маҳкум карда шудааст. Ҳамроҳи ин гур.ёи 5 нафара ҳамчунин дар қаламрави Афғонистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон – Тоҳирҷонов Рустам Иномҷонович ва Отабоев Икром Амонҷонович: ки аъзоёни фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон мебошанд, дастгир карда шуданд. Тибқи созишнома байни мақомоти амнияти Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзи 25 декабри соли 2010 шаҳрвандони Тоҷикистон — Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич: Орифҷонов Баҳром Обидҷонович: Тоҳирҷонов Рустам Иномҷонович ва Отабоев Икром Амонҷонович дар шаҳри Кобул ба ихтиёри кормандони КДАМ ҶТ супорида шуданд. Ашхосе, ки баъди содир намудани ҷиноят аз Тоҷикистон фирорнамуда, бо умеди зиндагии оромона ба кишварҳои дигар мераванд, сахт хато мекунанд. Ҷинояткорон дар ҳама ҷо дастгир карда шуда, ҷазои сазовори худро мувофиқи қонун мегиранд. Умед аст, ки минбаъд низ ҳамкории босамари дуҷонибаи мақомоти амнияти Тоҷикистон ва мақомоти амниятии Афғонистон дар мубориза бар зидди ҷинояткориҳои мухталиф пайвасту рушду ташаккул хоҳад ёфт. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани 10 фирории боқимонда аз тарафи органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар давом дорад. Хотиррасон менамоем, ки дар сурати доштани ҳама гуна маълумоте, ки ба ҳодисаи фирори гурӯҳи 25 нафараи террористон аз маҳбасхонаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дахл дорад, шаҳрвандон ба телефонҳои 221-37-37; 227-37-37 хабар диҳанд. Амнияти истифодаи иттилоот: шахсият ва инчунин мукофоти калони пулӣ кафолат дода мешавад.