ЛОИҲАИ ТАСҲЕҲИ НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе 21 декабри соли 2010 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки дар он роҳбарияти Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии кишвар, масъулини ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Маскав ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2009 «Дар бораи ҷамъбасти тендери кушод оид ба тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе байни шахсони ватанию хориҷӣ» ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москва ғолиби озмун шуда, пудратчии тасҳеҳи нақшаи генералӣ интихоб гардид ва барои иҷрои корҳо ба маблағи 415 ҳазор $ бо шаҳрдории Душанбе қарордод ба имзо расонид. Мувофиқ ба талаботи қарордоди мавҷуда ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москва лоиҳаи тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанберо хамчун пойтахти давлати мустақил бо нуфуси то як миллион аҳолӣ таҳия намуда, ба баррасии фармоишгар – шаҳрдории Душанбе пешниҳод намуд. Зимни муҳокимаи лоиҳаи пешниҳодгардида аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дода шуд, ки тибқи тартиби ҷорӣ он ба баррасии васеи сокинони пойтахт гузошта шавад. Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бо ин мақсад шаҳрвандон имкон доранд, бо лоиҳаи мазкур тавассути сомонаи интернетии шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj ё худ дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев, 48 шинос гардида, таклифу пешниҳододи худро дар китоби қайди Сарраёсат сабт намоянд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






