МОДЕЛИ КИШОВАРЗИИ БЕХАТАР ДАР ТОҶИКИСТОН

Декабрь 13, 2010 15:56

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Чанде қабл асари  олими шинохта, номзади илмҳои иқтисодӣ,  профессор Нидоев Нозимҷон Фозилович бо номи «Модели кишоварзии бехатар дар Тоҷикистон» нашр гардид.  Муаллиф қайд мекунад, ки рушди иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, дар роҳи таъмини истиқлолияти озуқавории кишоварзӣ на ба омилҳои беруна, балки ба омилҳои дохилӣ бештар вобаста мебошад. Маҳз аз ҳамин хотир, «кишоварзии бехатар» дар сатҳи соҳаи агросаноатӣ ҳамчун як қисми «иқтисоди нави миллӣ»  арзёбӣ   мешавад. Ба ақидаи муаллиф, мафҳуми нави «кишоварзии бехатар» барои пайдо шудани дигар мафҳумҳои нав, ба мисли «иқтисодиёти нав», «кишоварзии нав» шароиту имконият фароҳам меоварад, чунки маҳз кишоварзии бехатар ҳамчун омили асосии таъминоти истиқлолияти озуқавории кишвар хизмат намуда, таъмини он имконият  медиҳад, ки аз истиқлолияти озуқаворӣ ҳарф занем. Пас чӣ бояд кард? Кишоварзии бехатар на танҳо боиси даромади   зиёд ва доимӣ мегардад,  балки дорои имконияти дар ҳама фаслҳои сол,  дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ва бо ҳама намуди маводи озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ  мебошад.  Таъминоти пурраи аҳолӣ бо масолеҳи кишоварзӣ хеле мушкил аст ва аз ин рӯ ба кишоварзии бехатар бояд  ҳамчун ба ҳунар, санъат ва илм муносибат намуд. Ҳамчун ҳунар он бояд чун анъанаҳои ниёгон ба фарзандон гузарад.  Яъне ин амал бояд ҳамчун «манифести миллӣ»   аз насл ба насл гузарад. Дар шароити муносибатҳои бозорӣ таъмини истиқлолияти озуқаворӣ барои Тоҷикистони камзамин, вале дорои қувваи зиёди корӣ, аз мушкилоти аввалиндараҷа ба шумор меравад. Бешак, ворид намудани технологияи муосир дар соҳаи кишоварзӣ барои худтаъминкунии озуқавории кишвар як қатор шароиту имкониятҳоро фароҳам меоварад, вале то ҳол ин самт   кам таҳқиқ ва таҳлил   шудааст. Аз ин рӯ соҳаи кишоварзӣ сарчашма ва асоси ибтидоии ҳифз ва рушди тамаддуни инсонӣ мебошад. 

Декабрь 13, 2010 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад