МУАРРИФИИ БАРНОМАИ РУШДИ САЛОМАТИИ ҶАВОНОН ДАР РАШТ

Декабрь 31, 2010 08:26

Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). -Нимаи дуюми рӯзи 29 декабри соли 2010 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мизи мудаввари минтақавӣ оид ба муаррифии Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, дастовардҳо ва дурнамо дар ин самт бо иштироки масъулини ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, атрофи мушкилот, дастовардҳо ва дурнамо оид ба татбиқи Барнома дар сатҳи минтақаи Рашт суханронӣ намуда, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии минтақаро даъват намуданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари барнома дар солҳои 2011-2013 тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиёни мизи мудаввар бо Дастури методию иттилоотӣ оид ба татбиқи барнома дар солҳои 2006-2010  таъмин гардиданд.

Декабрь 31, 2010 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад