МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЖАН-МАРИ ХАЛСДОРФРО
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»)- 6 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиа ва корҳои дохилии Люксембург Жан-Мари Халсдорфро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Люксембург дар чаҳорчўби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва нерўҳои эътилофии посдори сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд. Зимни баррасии масоили дуҷониба Жан-Мари Халсдорф аз номи роҳбарияти давлати Люксембург Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки барои такони нав бахшидан ба ҳамкории судманди ду кишвар соли оянда ба ин кишвари Аврупо сафари расмӣ анҷом диҳад. Жан-Мари Халсдорф ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон ва ҳамкории пурсамар бо нерўҳои эътилофии посдори сулҳ дар ин кишвар арзи сипос намуд. Зимни сўҳбат доир ба дурнамои авзои Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои пешгирӣ аз истеҳсолу гардиши маводи мухаддир ва паҳншавии терроризму экстремизм аз ин кишвар гуфтугўйи судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






