МУЛОҚОТИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН ДАР САТҲИ ОЛӣ
22 декабри соли 2010 Мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ низ басо судманд ҷараён гирифт. Аз сатҳи баланд ва пайвастагии робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Баррасии чораҷўиҳо доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Дар ин росто густариши ҳамкории бисёрҷониба, хусусан дар чаҳорчўби «Чаҳоргонаи Душанбе», яъне давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия судманд маънидод карда шуд. Бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хўрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва кимёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ ва ҳамкориҳои илмию техникии миёни Тоҷикистону Покистон дорои дурнамои судбахш арзёбӣ гардид. Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин доир ба мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






