МУЛОҚОТИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН ДАР САТҲИ ОЛӣ

Декабрь 23, 2010 10:23

22 декабри соли 2010 Мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ низ басо судманд ҷараён гирифт.  Аз сатҳи баланд ва пайвастагии робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Баррасии чораҷўиҳо доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Дар ин росто густариши ҳамкории бисёрҷониба, хусусан дар чаҳорчўби «Чаҳоргонаи Душанбе», яъне давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия судманд маънидод карда шуд. Бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хўрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва кимёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ ва ҳамкориҳои илмию техникии миёни Тоҷикистону Покистон дорои дурнамои судбахш арзёбӣ гардид. Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин доир ба мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.

Декабрь 23, 2010 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид