МУЯССАРА-БЕҲТАРИН МУАЛЛИМАИ ТЕХНОЛОГИЯ

Декабрь 27, 2010 15:47

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар мактаби махсусгардонидашудаи Президентӣ барои хонандагони  боистеъдоди  шаҳри Чкалов бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, бо ибтикори раёсати маорифи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Муаллими беҳтарини фанҳои дақиқ»  баргузор гардид ва 5 нафар ғолибони даври дуюми озмун аз рӯи шартҳои пешниҳодгардида байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳакамон ҷои аввалро муносиби  муаллимаи  фанни технологияи иттилоотии литсеи физикӣ — математикии шаҳри Хуҷанд  Муяссара Исмоилова донистанд. Ҷои дуюмро омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №5 аз ноҳияи Айнӣ  Абдуҳамид Раҷабов ва  ҷои сеюмро омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №7 аз ноҳияи Ғончӣ Акбар Азимов ишғол намуданд. Ба ғолибони озмуни вилоятии «Муаллими беҳтарини фанҳои дақиқ» ифтихорнома ва мукофоти кумитаи тадорукот супорида шуд. Инчунин,  омӯзгорони фаъолу шоиста бо ифтихорнома ва мукофоти Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Декабрь 27, 2010 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад