НБО-И «САРБАНД» ПУРРА АЗ ТАЪМИР БАРОМАД
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ин рӯзҳое, ки даҳаи дуюми моҳи аввали фасли зимистон сипарӣ мегардад, дар НБО-и кишвар корҳои омодагӣ барои зиёд намудани иқтидори истеҳсолии ин нерӯгоҳҳо бо мақсади таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ дар давраи зимистони имсола ҷараён доранд. Ғайр аз ин дар НБО-и «Сарбанд» таъмири пурраи агрегати гидравликии рақами 4 анҷом ёфта, зеристгоҳи автоматикии нерӯгоҳ иваз гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҶСХК «Барқи Тоҷик» хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ азнавсозии НБО-и Қайроққум, Норак ва Маркази барқу гармидиҳии Ёвон имкон дод, ки ба таври илова боз 400 мегаВатт нерӯи барқ истеҳсол шавад. Ғайр аз ин барои гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар силсиланерӯгоҳҳои Вахш ва системаи барқдиҳии шаҳри Душанбе маблағи муайян ҷудо гардидааст.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






