ПЕШГИРИИ СИРОЯТИ ВНМО/БСҶ ДАР СПИТАМЕН
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ноҳияи Спитамен бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» ва дастгирии Хазинаи кӯдакони CММ (ЮНИСЕФ) дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти саломатии ҷавонон» ва «Амали омӯзгорон баҳри беҳдошти саломатии наврасон» оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷавонони осебпазири 14-25 сола ҷиҳати рафтори хатарноке, ки метавонад ба сироятшавии ВНМО/БСҶ оварда расонад ва аз тарафи онҳо гирифтани ёрии пешгирикунанда, рӯҳӣ-иҷтимоӣ ва тиббии махфӣ маҷлиси гурӯҳи амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят, раёсат ва шӯъбаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мутахассисони бахши ҳуқуқи кӯдакон иштирок намуданд. Дар ҷаласа оид ба ҳадафҳои ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» ва бобати вазъи саломатии наврасон дар вилояти Суғд маърӯзаҳо шунида шуд. Чорабинии мазкур баҳри саривақт маълумотнок гардонидани хонандагони синфҳои миёна ва болоӣ дар бораи рафторе, ки метавонад ба сироятшавии ВНМО/БСҶ оварда расонад, ҳамзамон сафарбар ва ҳамроҳӣ кардани онҳо ба шӯъбаҳои ташкилоти маҳаллии ҷавонон бо роҳи мустаҳкам намудани савия ва дониши маъмурият ва омӯзгорони мактабҳои миёна роҷеъ ба тарғиб ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






