САММИТИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ ТҲИ ДАР ТУРКИЯ
Анқара, 16 декабр. (АМИТ "Ховар", Фарангис Раҳимова). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи оянда барои иштирок дар саммити роҳбарони давлатҳои узви Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ТҲИ), ки 23 декабри соли равон дар шаҳри Истанбул баргузор мегардад, ба Туркия меравад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд. Дар қатори сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ТҲИ дар ҷаласаҳо намояндагони котиботи Ташкилот ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Ёдовар мешавем, ки Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байнидавлатии иқтисодист. Он соли 1985 аз ҷониби давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик ташкил шуда, меросхӯри Ташкилоти минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки дар асоси оинномаи Шартномаи Измир аз ҷониби се давлати муассис-Эрон, Покистон ва Туркия 12 марти соли 1977 таъсис ёфта буд. То соли 1992 ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин Ташкилот хусусияти дуҷониба дошт. Аз соли 1992 фаъолияти ТҲИ бо сабаби ба он ихтиёран ҳамроҳ шудани 7 давлати нав- Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон хеле фаъол гардид. Дар ҷаласаи 50-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар соли 1995 Қарор дар бораи ҳамкорӣ бо ТҲИ ба тасвиб расид ва аз ҳамон сол ТҲИ дар СММ мақоми мушоҳидро соҳиб гардид. ТҲИ ҳамчунин дар Созмони Конфронси Исломӣ низ мақоми мушоҳидро дорад. Саммити пешинаи ТҲИ моҳи марти соли 2009-ум доир гашта буд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






