САНҶИШҲОИ ПРОКУРОРӢ ДАР БАХШИ СОХТМОН
Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи сохтмон ва рафти иҷрои қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе барои ҷудо намудани қитъаи замин ва иҷозати сохтмони иншооти гуногун ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси Нақшаи генералӣ дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод. Зимни баррасии ҳолати корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикргардида маълум шуд, ки бо вуҷуди дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе сурат гирифтани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби на ҳамаи соҳибмулкон иншоот баъди анҷоми сохтмон ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод гашта, хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ онҳо мавриди истифода қарор гирифта, дар ҳисоботи оморӣ маълумот ирсол нагаштааcт. Раиси шаҳр бо мақсади таъмини волоияти қонун дар бахши сохтмон ва меъморӣ аз прокуратураи шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт хоҳиш ба амал овард, ки тибқи гузориши баррасишуда дар мӯҳлати 10 рӯз санҷишҳои прокурориро анҷом дода, оид ба ҳолати воқеӣ ва рафъи камбудиҳои мавҷуда бо андешидани тадбирҳо дар асоси муқаррароти қонунгузории амалкунанда, унвонии шаҳрдорӣ гузориш ирсол намояд. Дар робита сохторҳои марбутаи Агентиҳои омор, сохтмон ва меъморӣ дар шаҳри Душанберо муваззаф гардиданд, ки корҳои баҳисобгирии давлатӣ ва назорати сохтмониро дар ҳудуди шаҳр тақвият бахшида, ҷиҳати пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.