СЕМИНАРИ ЗАМИН ДАР ВАҲДАТ
Ваҳдат, 27 декабр.(АМИТ «Ховар», З.Давлатова).–Дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов оид ба амалӣ намудани қарори ҲҶТ «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» семинар – машварат доир гардид. Дар семинар – машварат раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумитаҳои заминсозӣ, муовинони раисон ва раисони ҷамоатҳои деҳот иштирок намуданд. Ба иштирокдорони семинар – машварат оид ба тақсимоти замин дар ҷойҳои бехавф, тарҳрезии нақшаи генералӣ дар бораи маҳалҳои аҳолинишин, мувофиқи нақша сохтани биноҳо дар манотиқи аҳолинишин, интихоби дуруст ва мувофиқи лоиҳа сохтани бино маслиҳатҳои муфид дода шуд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов оид ба сохтмони бисёр хонаҳои деҳоти ноҳияҳои тобеи марказ эрод гирифт. Мавсуф афзуд, ки шаҳри Ваҳдат ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сохтмони биноҳои маъмурию истиқоматӣ нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо бартарӣ дорад.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






