Ш. ЗУҲУРОВ БА ҶАКАРТА РАФТ
Душанбе,13 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба пойтахти Ҷумҳурии Индонезия шаҳри Ҷакарта рафт. Мавриди зикр аст, ки ин нахустин сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Индонезия буда, ҳадафаш тавсеаи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Индонезия аст. Дар ҷараён сафар ба Индонезия Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбарону намояндагони баландпояи ҳукумат ва парлумони ин кишвар мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистонро бо ин кишвари Осиёии Ҷанубу Шарқӣ баррасӣ менамояд. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакатро дар сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҳамроҳӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки байни Маҷлиси намояндагон ва парлумони Индонезия гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд, ки нақши он дар тақвияти робитаҳои парлумонӣ калон аст.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






