Ш. ЗУҲУРОВ БА ҶАКАРТА РАФТ

Декабрь 13, 2010 10:19

       Душанбе,13 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ  Шукурҷон Зуҳуров ба пойтахти Ҷумҳурии Индонезия шаҳри Ҷакарта рафт. Мавриди зикр аст, ки ин нахустин сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Индонезия буда, ҳадафаш тавсеаи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Индонезия аст.      Дар ҷараён сафар ба Индонезия Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбарону намояндагони баландпояи ҳукумат ва парлумони ин кишвар мулоқот намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистонро бо ин кишвари Осиёии Ҷанубу Шарқӣ баррасӣ менамояд.     Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакатро дар сафар раисони кумитаҳои  Маҷлиси намояндагон ҳамроҳӣ менамоянд.       Бояд гуфт, ки байни Маҷлиси намояндагон ва парлумони Индонезия гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд, ки нақши он дар тақвияти робитаҳои парлумонӣ калон аст.      

Декабрь 13, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад