СИСТЕМАИ БАҲИСОБГИРИИ ХАВФҲО ДАР СОҲАИ НАЗОРАТИ АНДОЗ

Декабрь 21, 2010 12:32

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Ҷонмард). —  Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи «Ташкили банақшагирии санҷишҳои андоз дар асоси баҳогузории хатарҳо» машварат баргузор гардид. Машварат зери унвони «Ташкили банақшагирии санҷишҳои андоз дар асоси баҳогузории хатарҳо» дар якҷоягӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ оид ба ҷорикунӣ ва истифодабарии системаи баҳогузории хавфҳо, риояи қонунгузории андоз дар рафти банақшагирии санҷишҳои андоз бахшида шуд.                                         Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот кардааст, ки ҷорӣ намудани системаи баҳисобгирии хавфҳо дар соҳаи назорати андозҳо ба кам гардидани хароҷоти мақомоти андоз ва андозсупорандагон, баландшавии сатҳи даромади андозҳо ва шаффофияти системаи назорати андоз нақши басо калон мебозад.                                               Барои ворид намудани ин таҷрибаи ҷаҳонӣ дар фаъолияти мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади табодули таҷрибаи беҳтарини давлатҳои хориҷи дуру наздик ба машварат як қатор намояндаҳои бурунмарзӣ даъват шуданд.   Аз ҷумла, дар чорабинӣ намояндагони Хадамоти давлатии андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Қирғизистон ва Украина, Бонки рушди Осиё, Бонки умумиҷаҳонӣ ва Консултанти байналмилалӣ дар соҳаи системаи баҳогузории хавфҳо ширкат варзиданд.     Дар ҷараёни машварат масъалаҳо доир ба таҳлили фаъолияти мақомоти андози давлатҳои хориҷӣ дар самти санҷишҳои андоз дида  шуда, иқдоми фаъолияти минбаъдаи Кумитаи андоз ҷиҳати  коркард ва ҷорикунии системаи баҳисобгирии хавфҳо барои банақшагирии санҷишҳои андоз  муайян  гардид.          

Декабрь 21, 2010 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад