ТАҚДИМИ АДАБИЁТИ ТОЗАНАШРИ ҲИНДУСТОН
Душанбе, 10 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-300 нусха адабиёти тозанашри Ҳиндустон аз ҷониби сафорати ин кишвар дар Душанбе ба китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ супорида шуд. Китобҳоро дар маросими тантанавӣ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷӣ ба китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим карда, онро фоли нек дар таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон арзёбӣ кард. Дипломати ҳинд афзуд, ки ин қадамҳои нахустин дар бахши тақдими адабиёт ба китобхонаи миллӣ мебошад. Директори китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ Шариф Тошев дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки китобҳои тақдимнамудаи сафорати Ҳиндустон ба забони англисӣ буда, ба таъриху фарҳанг, сиёсату иқтисод, олами ҳайвоноту набототи ин кишвари афсонавӣ бахшида шудаанд. Адабиёти тақдимнамудаи сафорати Ҳиндустон ҷиҳати бунёди фонди нави китобхонаи миллии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Мавриди зикр аст, ки бо дархости вазорати фарҳанги мамлакат ба намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар Душанбе то ин вақт аз ҷониби сафоратхонаҳои Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо ба китобхонаи миллӣ адабиёт тақдим шудааст.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






