ТАҚСИМИ ЗАМИН ТАРИҚИ ҚУРЪАПАРТОӢ

Декабрь 29, 2010 16:55

Ваҳдат, 29 декабр. (АМИТ «Ховар»,  З.Давлатова). –  Тавре  муовини  аввали   раиси  шаҳри  Ваҳдат  Қиёмиддин  Абдуллоев  ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  иттилоъ  дод,  ҳафтаи  равон    барои  амалӣ намудани  қарорҳои  Ҳукумати ҶТ  «Дар  бораи  гирифтан ва  ба мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатии шаҳру  ноҳияҳо   додани  қатъаи  замин»    дар  маҳаллаи Элоки  ҷамоати  деҳоти Дӯстии ноҳия тариқи  қуръапартоӣ  тақсими  замин  баргузор  гардид. Номбурда  афзуд, ки  дар  маъракаи  тақсими замин тариқи қуръапартоӣ  муовини Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Муродалӣ  Алимардонов,  раиси  шаҳри  Ваҳдат  Анвари  Вайсиддин,  инчунин,  раисони  ноҳияҳои тобеи  марказ  иштирок   намуданд.   Қуръаи  аввалинро сокини  ҳамин  маҳалла  Бӯригул  Азизова бо рақами  қитъаи  15  соҳиб  гардид. Қуръаи  дуюм бо рақами  қитъаи  3  насиби  Бибимоҳ  Муродова  шуд.  Ҳамин  тариқ, қуръапартоӣ  ба таври  шаффоф   гузашта,  26  нафар   сокини маҳаллаи  Элок  соҳиби  замини  наздиҳавлигӣ  гардиданд. Инчунин,  ҳукумати  маҳаллии  шаҳри  Ваҳдат  барои сохтмони  варзишгоҳ барои ҷавонон    50  гектар  замин   ҷудо   намуд.

Декабрь 29, 2010 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон