ТАШРИФИ ГУБЕРНАТОРИ СВЕРДЛОВСКИ ФР БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 13-14 декабри соли ҷорӣ Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Александр Сергеевич Мишарин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Зимни ин сафар А.С.Мишарин дар шаҳри Хуҷанд бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, дар муаррифии корхонаи муштараки «Хуҷанд-Зил-Амур» иштирок мекунад. Инчунин, Губернатори Свердловски дар вилояти Суғд бо фаъолияти литсеи Президентӣ дар шаҳри Чкалов, корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ва бозори «Панҷшанбе» шинос мешавад. Дар назар аст, ки мулоқоти Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Александр Сергеевич Мишарин дар шаҳри Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ низ баргузор гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






