ТАШРИФИ ГУБЕРНАТОРИ СВЕРДЛОВСКИ ФР БА ТОҶИКИСТОН

Декабрь 10, 2010 10:45

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 13-14 декабри соли ҷорӣ Губернатори вилояти Свердловски  Федератсияи Россия Александр Сергеевич Мишарин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Зимни ин сафар А.С.Мишарин дар шаҳри Хуҷанд бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, дар муаррифии  корхонаи муштараки «Хуҷанд-Зил-Амур» иштирок мекунад. Инчунин, Губернатори Свердловски дар вилояти Суғд бо фаъолияти литсеи Президентӣ дар шаҳри Чкалов, корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ва бозори «Панҷшанбе» шинос мешавад. Дар назар аст, ки мулоқоти Губернатори вилояти Свердловски  Федератсияи Россия Александр Сергеевич Мишарин дар шаҳри Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ низ баргузор гардад.

Декабрь 10, 2010 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид