ТАЪСИСИ СЕХҲОИ ҚАННОДӢ ДАР МӮЪМИНОБОД
Кӯлоб, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаро гирифтани занони хонанишини деҳот бо шуғли доимӣ ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин замина як қатор барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки барои амалӣ гардидани ин мақсад мусоидат менамояд. Дар ноҳияи баландкӯҳи Мӯъминобод, ки дорои 168 деҳа буда, беш аз ҳафтод ҳазор аҳолӣ дорад, бо ҷои кор таъмин намудани занон мушкилии асосӣ ба шумор меравад. Солҳои охир бо кӯшиши ҳокимияти маҳаллӣ қисми зиёди занони ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар маркази ҷамоатҳо ва деҳаҳои сераҳолӣ сехҳои хурди гуногун кушода шуданд, ки то 80 нафар занонро бо ҷои кор таъмин намуданд. Чанде пеш бо дастгирии ҳокимияти маҳаллӣ ва барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон дар ҷамоати деҳоти Боғгаӣ се адад сехи хурд фаъол гардонида шуд. Дар маросими ботантана кушода шудани сехҳои мазкур роҳбарияти ҳокимияти маҳаллӣ иштирок намуда, ба коргарон дастур доданд, ки маҳсулоти хушсифат истеҳсол намуда, дар оянда барои бунёди чунин сехҳо ва зиёд намудани ҷойи корӣ кӯшиш намоянд. Бояд қайд намуд, ки баробари кушодани ин гуна сехҳо бояд барои ҷавондухтарони деҳот курсҳои омӯзиши касбу ҳунар ташкил гардад.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






