ТАЪСИСИ СЕХҲОИ ҚАННОДӢ ДАР МӮЪМИНОБОД

Декабрь 9, 2010 10:19

Кӯлоб, 9 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон Холов). – Баланд бардоштани мақоми  зан  дар  ҷомеа,  фаро гирифтани занони хонанишини деҳот   бо  шуғли  доимӣ  ва  ба ин восита беҳтар намудани  сатҳи  зиндагии  шаҳрвандон     аз  ҳадафҳои  асосии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  шумор  меравад. Дар ин  замина  як  қатор  барномаҳои  давлатӣ қабул  гардидаанд, ки  барои  амалӣ гардидани  ин  мақсад  мусоидат  менамояд.     Дар ноҳияи  баландкӯҳи  Мӯъминобод, ки  дорои  168  деҳа буда,   беш аз  ҳафтод ҳазор  аҳолӣ дорад,  бо  ҷои  кор  таъмин намудани  занон     мушкилии  асосӣ ба шумор  меравад.  Солҳои охир бо  кӯшиши  ҳокимияти  маҳаллӣ  қисми  зиёди  занони ноҳия  бо  ҷои  кори  доимӣ  таъмин  гардиданд.  Дар  маркази  ҷамоатҳо  ва  деҳаҳои  сераҳолӣ  сехҳои  хурди  гуногун  кушода шуданд, ки то  80  нафар   занонро  бо ҷои  кор таъмин  намуданд.   Чанде пеш бо  дастгирии  ҳокимияти  маҳаллӣ ва барномаи  Ҷонибдории  Инкишофи  Иҷтимоии  Манотиқи  Кӯҳистон  дар  ҷамоати   деҳоти  Боғгаӣ се  адад  сехи  хурд фаъол  гардонида  шуд. Дар  маросими ботантана  кушода   шудани  сехҳои  мазкур  роҳбарияти  ҳокимияти  маҳаллӣ иштирок намуда,  ба  коргарон дастур  доданд, ки  маҳсулоти  хушсифат  истеҳсол намуда,  дар оянда  барои   бунёди чунин сехҳо ва зиёд  намудани ҷойи корӣ кӯшиш намоянд. Бояд  қайд  намуд, ки  баробари кушодани  ин гуна  сехҳо бояд   барои ҷавондухтарони  деҳот курсҳои омӯзиши касбу ҳунар  ташкил    гардад.

Декабрь 9, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид