ТЕАТРИ АЙНӢ 70 СОЛА МЕШАВАД

Декабрь 22, 2010 16:29

Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-24- декабри соли равон 70 солагии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҷлил мегардад. Ба барномаи консертӣ 16 номгӯй оҳанг, сурудҳои операвӣ, хори умумӣ аз эҷодиёти оҳангсозону шоирони ватаниву хориҷӣ ва балет аз ҷониби устодони театр шомиланд. Аз ҷумла, суруди «Тоҷикистон» оҳанги Т. Шаҳидӣ,  дирижер Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Беҳрон Меҳробов, баладдаи Восеъ аз операи «Шӯриши Восеъ» оҳанги С. Баласанян, хори театр, арияи Мадан аз операи «Комде ва Мадан», оҳанги З. Шаҳидӣ дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳон Мамадқулов, «Тоҷикистони баҳорон» оҳанги Ю. Тер-Осипов, дар иҷрои Ҳунарпешаи шоистаи Қирғизистон Айзада Акматова, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Зӯҳро Беляева, Бахтиёр Давлатов ва ҳайати балети театр намоиш дода мешавад. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ соли 1935 дар асоси Қарори Комиссариати Халқии РСС Тоҷикистон ҳамчун Театри мусиқӣ ташкил ёфтасти. Соли 1940 дар асоси Фармони Президиуми Совети Олии Республика театр номбурда номи Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистонро мегирад. Соли 1954 театр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба номи С. Айнӣ номгузорӣ мешавад. Театри мазкур соли 1941 бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. Аввалин операи «Шӯриши Восеъ», либретои М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ, мусиқии бастакор Сергей Балансанян буд, ки соли 1939 рӯи саҳна омад. Аввалин балети тоҷик соли 1940 бо номи «Ду гул» ба саҳна гузошта шуд, ки аз рӯи асари бастакор А. Ленский, либреттои М. Рабиев ва А. Азимова ба саҳна гузошта шудааст. Соли 1971 барои муваффақиятҳои эҷодиаш ба театр унвони академӣ дода шуд

Декабрь 22, 2010 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад