ТЕЛЕВИЗИОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД 20 СОЛА ШУД
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 22 декабри соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҷлили ҷашни 20 — солагии телевизиони вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси вилоят зикр дошт, ки телевизиони вилояти Суғд ҳамқадами Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва дар ин фурсат тавонист симои ҳақиқии хешро дар мазҳари таваҷҷӯҳи бинандаи худ пайдо намояд ва рисолати аслии хешро ба иҷро расонад. «Имрӯз мо номи аввалин шахсони масъули телевизион Муҳаббат Мирсаидова, Абдуалӣ Халилов, Илҳоми Ҷамолиён ва даҳҳо нафари дигарро бо камоли эҳтиром ба забон мегирем, ки дар сари дастгоҳи пахши телевизиони вилоят истода, барои ташаккул ва инкишофи он саҳми арзанда гузоштаанд»-қайд намуд Қоҳир Расулзода. Ба кормандони фаъолу собиқадори Идораи телевизиону радиои вилоят ва Маркази техникии он Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






