ВАКИЛОН АЗ БАЪЗЕ ИМТИЁЗҲО МАҲРУМ ШУДАНД
Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ барои соли 2011 минбаъд вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат маблағи истифодаи телефонҳои шахсиашонро худашон пардохт менамоянд. Ин матлаб 29 декабр зимни баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон баён гардид. Азизмад Имомов, раиси комиссияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оид ба назорати дастур ва ташкили кор масъаларо тавзеҳ дода гуфт, ки сметаи хароҷоти соли 2011- и Маҷлиси намояндагон ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ таҳия гардида, нисбат ба соли 2010 беш аз 500 ҳазор сомонӣ камтар аст.Сабаби асосии он пешбинӣ нашудани ёрдампулии яквақта ба вакилон, кашонидани амвол ва пардохти маблағҳои телефонҳои шахсии вакилон мебошад. Азизмад Имомов афзуд, ки таҳияи лоиҳаи сметаи хароҷот барои соли 2011 собит месозад, ки он бо назардошти вазъи имрӯзаи молиявӣ пешбинӣ шуда, фаъолияти мунтазам ва самараноки тамоми сохторҳои Маҷлиси намояндагонро таъмин менамояд. Инчунин, ҷиҳати самаранок намудани фаъолияти Маҷлиси намояндагон, вакилон ва сохторҳои он номи баъзе шӯъбаҳои дастгоҳи палатаи поёнии парлумони мамлакат иваз карда шудааст. Бо назардошти зиёд шудани ҳаҷми кор ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба экология, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия дар заминаи ду воҳид сармутахассисони шӯъбаи умумӣ шумораи мушовирони калони кумитаҳо ва комиссияҳо аз 14 то 16 нафар зиёд карда шуд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






