ВАЗЪИ ШУДГОРИ ТИРАМОҲӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кишоварзони вилояти Суғд соли ҷорӣ дар майдони 44 ҳазору 29 гектар кишти тирамоҳии зироати ғалладонагиро гузаронида, нақшаро дар ин самт 100,2 фоиз таъмин намуданд. Танҳо деҳқонони ноҳияи Зафаробод нақшаи кишти тирамоҳиро то ба қадри 93 фоиз таъмин намуданд. Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Рустам Раҳимов иттилоъ дод, ки ҷараёни аз ғӯзапоя тоза кардани майдонҳои пахтазор ба қадри 96 фоиз таъмин гардид. Ҳамарӯза 398 трактори шудгоркунанда ба саҳро баромада, шудгори тирамоҳӣ дар вилоят дар майдони 95 ҳазору 649 гектар гузаронида шуд, ки ин 46,6 фоизи майдони умумиро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои Ашту Конибодом ва Исфара дар майдони 118 га заминҳои шӯр шуда шуста шуд, ки ин нисбати соли гузашта 2,6 маротиба зиёд мебошад. То санаи 7 декабр майдони 24 ҳазору 39 гектар ба кишти пунбадонаи соли оянда омода гардид.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






