ВАЗЪИ ТАЪМИНИ АҲОЛИИ СУҒД БО СӮЗИШВОРӢ
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд бо ҳамдастии соҳибкорон, корхонаҳои истеҳсоли ангиштсанг ва иттифоқҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳо 650 адад нуқтаҳои фурӯши ангиштсанг ва 200 адад нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ташкил карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Барои таъмини саривақтии аҳолии вилоят бо ангиштсанг аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» шартномаҳои тарафайн ба миқдори 6640 тонна бо корхонаҳои истихроҷи ангиштсанг ба имзо расидааст, ки аз он ҶШСК «Ангишт»-и шаҳри Исфара 4750 тонна, кони истихроҷи ангиштсанги «Моғиён» -и шаҳри Панҷакент 300 тонна, кони ангишти «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ 200 тонна, корхонаи истихроҷи ангиши Сулюктаи Ҷумҳурии Қирғизистон 420 тонна ва соҳибкорони инфиродӣ 1370 тоннаро ташкил медиҳад. То моҳи декабри соли равон аз ҷониби Иттифоқи матлубот ва соҳибкорон ба аҳолии вилоят 14 миллиону 908 ҳазор тонна ангиштсанг фурӯхта шуда, захираи он дар анборҳо 2618 тоннаро ташкил дод. То 15 декабри соли равон захираи ангиштсанг дар соҳаи тандурустӣ 2796 тонна (104%), ҳезум 1661 м³ (105%), дар соҳаи маориф 8056 тонна ангиштсанг (109,15) ва 5224 м³ ҳезум (102,2%) таъмин карда шуд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






