ВУСЪАТИ БУНЁДИ НБО-И ХУРД ДАР СУҒД
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи Барномаи кӯтоҳмуддати сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии хурд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 тасдиқ гардидааст, бояд дар давраи солҳои 2009-2010 дар миқёси вилояти Суғд 25 адад нерӯгоҳҳои барқии хурд сохта шаванд. Соли 2009 бо маблағгузории ватаниву хориҷӣ дар вилоят 14 адад НБО-и хурд сохта ба истифода дода шуданд. Дар назар аст, ки то охири соли шумораи НБО-и хурди баистифода додашуда ба 9 адад рассад. Аз ҷумла, сохтмони нерӯгоҳи барқии обии «Марзич»-и ноҳияи Айнӣ бо иқтидори 4300 кВт ва арзиши пешакии 4,5 млн. доллари ИМА, бо саҳмгузори Бонки исломии рушд соли 2008 оғоз гардидааст. То имрӯз корҳои асосӣ ба маблағи 1,2 млн. доллари ИМА, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ ба маблағи 480,6 ҳазор сомонӣ ё 68 фоиз иҷро шудааст. Дар деҳаи Тӯдаи ноҳия Айнӣ НБО-и хурди «Джик» бо иқтидори 260 кВт ва арзиши лоиҳавии 1,44 миллион сомонӣ бо маблағгузории Бонки рушди Осиё ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз намуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ иқтидори умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар вилояти Суғд ба 1,64 МВт расонида шуд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






