ЯРМАРКАИ МИНТАҚАВӢ ДАР РАШТ

Декабрь 22, 2010 09:29

      Душанбе, 22 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 24-уми декабри соли 2010 дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ярмаркаи минтақавии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад.        Ташаббускори баргузории ярмарка Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.       Ба ярмарка роҳбарони шӯъбаҳои кадрҳои корхонаю муассисаҳо ва дигар корфармоёни ноҳияҳои  Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва  Ҷиргатол даъват шудаанд.       Инчунин, субъектҳои хоҷагидоре, ки иҷозатнома барои фиристодани муҳоҷирони меҳнатиро ба хориҷи кишвар доранд, дар ярмарка иштирок менамоянд.      Ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан ба марказҳои таълимии  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, роҳхат дода мешавад.      Аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ  ва ҷамъиятии Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин дуюмин ярмарка аст, ки дар минтақаи Рашт ташкил мешавад. Қаблан моҳи феврали соли равон чунин чорабинӣ созмон дода шуда буд.

Декабрь 22, 2010 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст