ЯРМАРКАИ МИНТАҚАВӢ ДАР РАШТ
Душанбе, 22 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 24-уми декабри соли 2010 дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ярмаркаи минтақавии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад. Ташаббускори баргузории ярмарка Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ба ярмарка роҳбарони шӯъбаҳои кадрҳои корхонаю муассисаҳо ва дигар корфармоёни ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Ҷиргатол даъват шудаанд. Инчунин, субъектҳои хоҷагидоре, ки иҷозатнома барои фиристодани муҳоҷирони меҳнатиро ба хориҷи кишвар доранд, дар ярмарка иштирок менамоянд. Ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан ба марказҳои таълимии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, роҳхат дода мешавад. Аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин дуюмин ярмарка аст, ки дар минтақаи Рашт ташкил мешавад. Қаблан моҳи феврали соли равон чунин чорабинӣ созмон дода шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






