ЁДЕ АЗ ТАНБӮРНАВОЗИ МУМТОЗ

Декабрь 28, 2010 10:45

Шаҳринав, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳ. Рабиев). – Дар  толори  маҷлисгоҳи  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Шаҳринав  бахшида ба  105 – солагии машшоқи мумтоз ва  сарояндаи маъруфи  тоҷик мулло Абдуҷаббори Танбӯрӣ маҳфили бошукӯҳи илмию  фарҳангӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо  сухани ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳияи  Шаҳринав Мусаллама Қодирова ҳусни  оғоз бахшид. Сипас,  шахсиятҳои  маъруф Ҳоҷӣ Ҳусайни Насриддин, Қаҳҳор Розиқов,  Султонмуроди  Одина, Абдуҳофиз Қодиров, Парвиз Пӯлодӣ  ва  дигарон аз  хизматҳои  шоистаи  мулло Абдуҷаббори Танбӯрӣ ёдовар  гардиданд. Аз  ҷумла зикр намуданд, ки  Абдуҷаббори Танбӯрӣ дар  рӯзҳои даҳаи  адабиёт ва  санъати  тоҷик  дар  соли 1941 дар  шаҳри  Маскав  ширкати фаъолона  дошта,  сазовори  таҳсину  офаринҳо гардидааст. Ҳамчунин хизматҳои  ӯ дар  рушди  санъати  тоҷик  ва  тарбияи  санъаткорони  ҷавон  зикр  гардид. Ширкати  санъаткорони  шинохта Фурқати  Саид,  Убайдуллои  Каромат,  Шамсиддини  Муҳиддин ва  Карими Назар ба маҳфил  шукӯҳу  шаҳомат бахшид.    

Декабрь 28, 2010 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад