ЗОЙИРИН АЗ ЗИЁРАТИ ХОНАИ ХУДО БАРГАШТАНД

Декабрь 8, 2010 15:01

Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева) — Барои дар сатхи баланд гусел ва қабул намудани зоирини кишвар тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омодагии ҳамаҷониба дида, маъракаи гусел ва қабули зоиринро пурра анҷом дод, чунин иттилоъ дод ба мухбири АМИТ «Ховар» корманди дафтари мабуоти КВД «Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев.  Ӯ кайд кард, ки имрўз ҳавопаймои Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози хотимавии хатсайри Ҷидда Душанберо бомуваффақият анҷом дода, 126 нафар ҳоҷиёнро ба Ватан овард. Интиқоли зойиринро имсол ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба ўҳда дошта, парвози 4088 нафар зоиринро аз фурудгоҳи Душанбе таъмин карданд. Бояд гуфт, ки барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани маъракаи Ҳаҷ фурудгоҳи Душанбе омодагии ҷиддӣ дида, барои хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо мошин механизм ва  дигар техникаи заруриро саривақт омода кард. Таъмини амнияти парвозҳо, ҳавопаймоҳо ва зойирин ҳамеша дар мадди аввал қарор дошт. Ҷаласаи муштараки пеш аз сафари зойирин, ки дар фурудгоҳи Душанбе бо иштиироки намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи сарҳадот, Хадамоти гумруки назди фурудгоҳ, намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии КВДҲ «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Сомон эйр» ва КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баргузор шуд, ҷонибҳоро вазифадор намуд, ки дар гусел ва қабули зойирин масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Декабрь 8, 2010 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад