ҲАНӮЗ ҲАМ ҚОНУНИ ЗАБОН ПУРРА РИОЯ НАМЕГАРДАД

Январь 25, 2011 16:27

    Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Дар мактабҳои ноҳияи Спитамен вазъи таълими забони давлатӣ боиси нигаронист. Масалан, дар мактаби таҳсилоти умумии №22, ки дар он таҳсил бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ мебошад, аз ҷониби роҳбарият ва муаллимон меъёрҳои оддитарини имлои забони тоҷикӣ риоя намешаванд. Дар гурӯҳҳои тоҷикӣ асосан муаллимони ғайри тоҷикзабон бо забони шикаста ва шевагии махлут дарс мегӯянд, ки чунин муносибат нисбат ба забони давлатӣ раво нест, гуфт ба хабарнигорони ВАО Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ Додихудо Саймуддинов.    Мавсуф иброз дошт, ки дар иртибот ба ин масъала Кумита дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи ҶТ ҳолати иҷрои Қонунро дар шӯъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, шаҳри Исфара, ноҳияи Шаҳритӯс, Қубодиён ва Ҷилликӯли вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш бори дигар собит сохт, ки омӯзиши забони давлатӣ дар ин мактабҳо дар сатҳи зарурӣ нест.   Ҳамчунин дар нишаст таъкид гардид, ки ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва сохторҳои он, мақомоти суд, прокуратура, шӯъбаҳои корҳои дохилии Сино-1 ва Сино-2, шӯъбаи шиносномадиҳӣ, шӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ, муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия мавриди санҷиш қарор дода шуд. Санҷиш муқаррар намуд, ки дар баъзе ташкилоту муассисаҳо талаботи Қонуни мазкур ба пуррагӣ риоя намегардад, ҳанӯз ҳам мӯҳру тамға ва бланку варақаҳои расмӣ бо ду забон истифода мегарданд.    Барои бартараф намудани камбудиҳо мӯҳлат муқаррар гардидааст. 

Январь 25, 2011 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад