ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ БОНУВОН
Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйироту иловаҳо ворид намуд. Абдуманнон Холиқов муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур гуфт, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонунҳо мукаммал намудани таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зикр шуд, ки ҳадафи дигари пешниҳоди лоиҳаи ин қонунҳо афзоиш ёфтани муроҷиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд. Хусусан мӯҳтавои асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҳатмӣ гардонидани бастани аҳдномаи никоҳ, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандӣ бошад, ба шумор рафта, дар ҳифзи ҳуқуқҳои занону бонувони тоҷик нақши муассир мегузорад.