ҶАЛБИ ШИРКАТҲОИ БОНУФУЗИ ҲАВОПАЙМОӢ БА ҲАМКОРӢ

Январь 25, 2011 14:38

    Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Ба қавли Азиз Иброҳимов- муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои беҳбудӣ бахшидан ба рушди иқтисодии КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо фармони директори генералии фурудгоҳ «Дар бораи тасдиқ кардани Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии фурудгоҳи Душанбе дар соли 2010» ба тасвиб расида, «Бизнес-нақшаи рушди фурудгоҳи Душанбе дар соли 2010» ва «Барномаи рушди фурудгоҳи Душанбе дар солҳои 2010-2020» таҳия шудаанд. Барномаву нақшаҳои мазкур рушди марҳила ба марҳилаи фурудгоҳро бо мақсади сабуксозии таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ пешбинӣ менамоянд.    Масъалаи дигари хеле муҳим, афзуд номбурда, вусъат додани доираи хизматрасониҳои фурудгоҳ аст. Дар ин раванд чун вусъати хизматрасониҳо дар соҳаи таъмини таблиғот (реклама), иҷорадиҳии баъзе иншоот ба сохторҳои тиҷоратӣ, ташкили таваққуфгоҳи пулакии нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди фурудгоҳ, инчунин, барои ҳамкорӣ ҷалб намудани ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоии мусофирбар ва боркашонӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гаштанд. Роҳбарияти фурудгоҳ дар ин самт хеле ҷиддӣ кор бурда, аз ҷумла соли 2010 ширкатҳои бонуфузи ҳавопаймоии «Эйр Балтик Корпорейшн» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Астана Эйр»-ро ба ҳамкорӣ ҷалб намуд.

Январь 25, 2011 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад