ҶАВОНОН- ОЯНДАСОЗИ ФАРДО
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Ҷиҳати такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар самти ташаббусҳои хайрхоҳона барои ҷавонон ҳудудан 50 нафар мутахассисон ва ҷавонон ба кишварҳои Белоруссия, Россия, Олмон, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Украина сафар намуданд, иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов. Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани ҷавонон КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» дар ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои дахлдор 12 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва бо мақсади ҷалби корҷӯён дар дохил ва хориҷи кишвар 6 семинар-машварат доир намуд, ки дар натиҷа 3000 нафар ҷавон бо маълумоти зарурӣ фаро гирифта шуданд. Хамчунин қайд гардид, ки озмун барои дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, ҷамъбаст гардид. Ба 6 олими ҷавон барои корҳои илмии шоиста унвонҳои сазовор дода шуд. Дар асоси нақшаи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 76 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла 52 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни наврасон ва ҷавонон ва 24 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш баргузор гардид. Инчунин, варзишгарони тоҷик аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ , чемпионатҳои ҷаҳонӣ ва Осиё иштирок намуда, соҳиби 219 медал-66 медали тилло, 61 медали нуқра ва 92 медали биринҷӣ гардиданд. Раиси Кумита қайд намуд, ки рӯйдоди фараҳбахше, ки соли гузашта дар соҳаи варзиш рӯй дод, ин вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар ва собиқадорони соҳа буд, ки он ба ин соҳаи муҳим такони ҷиддӣ бахшид.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






