6,8% ФОИЗ АФЗУДАНИ ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Январь 19, 2011 16:31

   Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2010-ум ва вазифаҳо барои соли 2011 иброз дошт, ки: «Яке аз роҳҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ, ташкили истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои мавҷуда, азхуд намудани заминҳои нав ва дар асоси барномаҳои соҳавӣ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин коркарди ҳарчи бештари он ва дар ниҳояти кор, зиёд гардонидани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Вале, мутаассифона, бо вуҷуди чораҳои аз ҷониби мақомоти дахлдор андешидашуда дар аксари шаҳру ноҳияҳо истифодаи замин бо мақсадҳои ғайрикишоварзӣ, аз ҷумла заминҳои обӣ, инчунин лалмӣ ва чарогоҳҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад».     Торафт зиёд шудани майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон бад проблемаи дигари ташвишовари соҳаи кишоварзӣ аст, ки сабаби асосии чунин вазъ ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ мебошад.     Дар соли 2010 дар кишвар зиёда аз 19 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Ба ғайр аз ин, дар мамлакат солҳои охир 32 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 24 ҳазор гектар заминҳои обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд», изҳори нигаронӣ намуд Сарвари давлат.    Ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти зикршудаи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини рушди устувори он дар соли 2011-ум Сарвари давлат Вазорати кишоварзии кишварро вазифадор намуд, ки якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ то ба эътидол овардани кори шабакаҳои обёрӣ ва иншооти гидротехникӣ дар заминҳои холимонда ташхис гузаронида, барои кишти намудҳои мувофиқи зироати кишоварзӣ тавсияҳо пешниҳод намояд.   Ёдовар мешавем, ки дар соли 2010 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 9,4 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2009-ум 6,8 фоиз зиёд мебошад ва бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби буҷет тавассути бонкҳо маблағҳои зиёд ҷудо гардид, ки бо истифодаи онҳо барои рушди тамоми соҳаҳои кишоварзӣ як силсила тадбирҳо амалӣ шудаанд.   Дар се соли охир дар кишвар зиёда аз 50 корхонаи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода шудааст, ки иқтидори истеҳсолии соҳаҳои коркардро якчанд маротиба афзун менамоянд. Тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд.

Январь 19, 2011 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид