«БАҚОИ УМР»-И ОЛИМИ ЗИНДАЁД
Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Чопхонаи «Пайванд» китоби олими зиндаёди тоҷик Зоҳир Аҳрориро таҳти унвони «Бақои умр» нашр намуд. «Бақои умр» аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо теъдоди 800 адад чоп шудааст. Дар маҷмӯа мунтахаби ашъори дар солҳои гуногун эҷоднамудаи адиб ва адабиётшиноси варзида, шодравон Зоҳир Аҳрорӣ гирдоварӣ гардидаанд. Қудратбеки Элчибек матни шеърҳои маҷмӯаро таҳия ва тадвин намудааст. Дар маҷмӯа ғазалу шеърҳо, маснавиҳои хурд, рубоӣ ва дубайтиҳо, такбайтиҳо ва марсияю аксҳо гирд оварда шудаанд. Дар сарсухани китоб сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст роҷеъ ба нақши адиб ва шарқшиноси касбии тоҷик дар таҳқиқу пажӯҳиши мероси бузургони адабиёти форс- тоҷик ибрози назар кардааст. Мавриди зикр аст, ки муҳаққиқи нуктасанҷи тоҷик беш аз 50 соли умри пурбаракати худро сарфи таҳқиқу пажӯҳиши осори шоирону классикони кишварҳои форсизабон намудааст. Мақолаҳои илмию оммавӣ ва сершумори адиб доир ба таърихи адабиёти форсу тоҷик, бахусус таърихи адабиёти асрҳои 18 ва 20-и кишварҳои Эрону Афғонистон шаҳодати барҷастаи гуфтаҳост. Ёдрас мешавем, ки риштаи умри адиби тоҷик моҳи ноябри соли 2009 ҳамроҳи ҳамсараш Маҳиндӯхт Мамедова бар асари як садамаи нақлиётӣ канда шуд.