«БАРҚИ ТОҶИК»- «НАРХИ НЕРӮИ БАРҚ БАЛАНД НАШУДААСТ»
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Шурӯъ аз аввали соли 2011 дар байни мардуми ҷумҳурӣ, махсусан сокинони шаҳри Душанбе овоза дар мавриди баланд шудани нархи нерӯи барқ дар кишвар паҳн гардид. Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» вазифадор аст арз намояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи нерӯи барқ баланд нашудаву чун пештара боқӣ мондааст. «Дар як қатор минтақаҳои кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе дар моҳи декабр аҳолӣ ду ададӣ нархномаи пардохти ҳаққи нерӯи барқ гирифтанд. Ин ба он вобаста буд, ки ШСХК «Барқи Тоҷик» нерӯи барқи тӯли соли 2010 истифода шударо бояд пурра ҳисоб менамуд. Вобаста ба ин нархномаи дуюм барои даҳаи сеюми моҳи декабри соли 2010 буд ва калимаи «қарздорӣ» маънои истифодаи киловатт-соатҳои даҳаи охирини моҳи декабрро дошт». Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ хабар дод.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






