БАРНОМАИ РУШДИ ВАРЗИШ ТАҲИЯ ГАРДИД

Январь 5, 2011 14:31

   Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарон ва масъулини соҳа дар таърихи 20 декабри соли 2010 ҷиҳати рушди минбаъдаи варзиш дар ҶТ ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳамзамон аз соҳибкорон ва сарватмандони ватанӣ даъват ба амал овард, ки саҳми хешро дар бунёди иншооти варзишӣ ва рушди минбаъдаи соҳа гузоранд.    Бо натиҷагирӣ аз ин мулоқот барномаи рушди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.   Дар нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 баён гардид, чунин омадааст:    Таъсиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба таҳияи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011 – 2015, ки иҷрокунандааш Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризми   Дастгоҳи иҷроияи Президент мебошад.   Таъсиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрокунандааш Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.Таҳияи лоиҳаи намунавии сохтмони толор ва майдончаҳои варзишии ҳозиразамон (шурӯъ аз 2000 то 10000 ҷойи нишаст барои тамошобинон) аз ҷониби Агентии сохтмон ва меъморӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон.    Таҳия ва пешниҳоди санади дахлдор барои муайян намудани намудҳои афзалиятноки варзиш ва таъмини рушди онҳо дар доираи барномаҳои махсус аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон.    Таҳия ва пешниҳоди Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011- 2015 аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.    Таҳия ва пешниҳоди Барномаи рушди футбол аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Январь 5, 2011 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид