БАРНОМАСОЗОНИ ШӮРООБОД ЗИЁД МЕШАВАНД

Январь 27, 2011 15:29

    Шӯрообод, 27 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила паст намудани сатҳи камбизоатии мардум аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Бо ин мақсад аз тарафи шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Шӯрообод дар соли сипаригардида 12 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, 96 нафар шаҳрвандони ноҳия, аз ҷумла 50 нафар зан бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон дар ин муддат 237 шаҳрванди бешуғл ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд.     Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия аз ҳисоби ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои мавсимӣ ба 1390 ҷой расонида шуда, 131 нафар шаҳрвандони ноҳия курсҳои омӯзиширо бо ихтисоси кафшергари газию барқӣ, дӯзанда ва барномасоз хатм намуданд.

Январь 27, 2011 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад