БАРРАСИИ ВАЗЪИ МАОРИФ

Январь 27, 2011 14:26

   Суғд, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, М. Амонов).-Дар толори маҷлисгоҳи шӯъбаи маорифи ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо ҷонишини раиси вилоят Мавҷуда Бобоева баргузор гардид, ки дар он пиромуни пешрафти соҳаи маориф, вазъи таълиму тарбия дар вилоят сухан рафт.    Абдураҳмон Абдуҳамидов – сарвари МТМУ №15 пешниҳод намуд, ки барои пешбурди кори таълиму тарбия ва баланд бардоштани нуфузи соҳаи маориф дар вилоят донишгоҳи махсуси педагогӣ ташкил намудан зарур аст.   Бурҳонов Абдуалӣ- сарвари МТМУ №25 гуфт, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии муаллимон бояд дар назди шӯъбаи маориф фонди махсуси иҷтимоӣ ташкил шавад.     Нурмуҳаммад Ниёзӣ – сарвари Гимназияи «Нур» пешниҳод намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва рушду нумӯи соҳаи маориф ва таълиму тарбия андозбандӣ аз мактабҳои хусусӣ бояд бардошта шавад.    Дар фарҷом мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Дилбар Турсунова фикри ҳамагонро ҷамъбаст намуда, иқдоми неки кормандони соҳаи маорифи ноҳияро, ки аз ҳисоби маоши серӯзаи худ 36 ҳазор сомонӣ ҷамъ намуда, ба мактабҳои №72, №36, №39 чун кӯмаки моддӣ расониданд, ҳимматбаландӣ номид. Ин маблағро комиссияи бо салоҳият аз суратҳисоби махсуси шӯъбаи маорифи ноҳия ба ин мактабҳо ирсол намуд.    

Январь 27, 2011 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад