БОЗЁФТИ ИХТИРОЪКОРОНИ ҶАВОН
Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 140 номгӯй ихтироот ва лавҳаву овезаҳо дар озмуни «Ихтироъкорони наврас» роҷеъ ба «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» пешниҳод шуданд. Ғолибони бахшҳои даври ҷумҳуриявии озмун, ки сазовори ҷойҳои якум гардида буданд, бо тавсияномаҳои вазорати маорифи ҷумҳурӣ бе супоридани имтиҳон ба ҳайси донишҷӯ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Аз вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон дар озмуни телевизионии «Бозёфт-2010», ки миёни ҷавонону наврасон баргузор гардид, ғолибони он бо тӯҳфаю мукофот сарфароз гардиданд. Ҳадафи озмун бозёфти истеъдодҳо ва ихтироъкорони ҷавон ва ташаккули донишҳои наву замонавии наврасон буд. Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур бо ташаббуси муассисаи давлатии «Телевизиони наврасону кӯдакон –Баҳористон» ва дастгирии вазорати маорифи кишвар гузаронида шуд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






