ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲОИ НАВ ДАР СУҒД
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси ХII-уми илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилояти Суғд баргузор гардид. Конфронси мазкур бо мақсади дастгирии олимон ва муҳаққиқони ҷавон, тарғиби ҷавонон ба илм, донишандӯзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав роҳандозӣ шудааст. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин конфронс зиёда аз 200 нафар устодон, олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳҳои олии маркази вилоят иштирок намуда, маърӯзаҳои илмӣ карданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба 10 нафар олимон ва муҳаққиқони ҷавон барои маърӯзаҳои илмии беҳтарин аз рӯи бахшҳои физика ва риёзиёт, таърих ва фанҳои ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят супорида шуд. Инчунин мақолаҳои беҳтарини олимони ҷавон таҳти унвони «Дар пайроҳаи илми муосир» дар шакли китоб ба табъ расида, ба ҳамаи муаллифон супорида шуд.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






