ДАСТОВАРДҲОИ ПОЙТАХТ ДАР СОЛИ 2010 НАЗАРРАС БУДААСТ
Душанбе, 17 январ.АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). Рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар ҷаласаи ҷамъбастии шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки фаъолон ва намояндагони институтҳои шаҳрвандии шаҳр ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар соли 2010 ҷиҳати татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, ки ба густариши ислоҳот дар соҳаҳои хоҷагии шаҳр ва инфраструктураи он, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ нигаронида шуда буданд, равона намудааст. Дар соли 2010 маҳсулоти умумии минтақавии пойтахт 5201,4 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 209, 8 миллион сомонӣ молҳои истеъмолии халқ истеҳсол шудааст. Тибқи нишондодҳои оморӣ ҳаҷми умумии даромади шаҳр дар 11 моҳи соли 2010 817,1 миллон сомониро ташкил дод. Инчунин, дар 11 моҳи соли 2010 буҷаи шаҳр 535, 9 миллион сомонӣ ё 116,9 % иҷро гардидаст. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр дар ҷаласа муовини аввали Савазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ва раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров ширкат доштанд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






