ДУ ЛОИҲАИ НАВИ ФАЪОЛИЯТИ «ТАЛКО»

Январь 6, 2011 09:05

    Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори КВД «Ширкати алюминии тоҷик» Садриддин Шарипов, ширкати мазкур фаъолияти минбаъдаи худро дар асоси ду лоиҳаи ҳаҷман калон ба роҳ мондааст. Лоиҳаи якум кори худро амалан ба пуррагӣ анҷом дод, ки мақсад аз қабули он истифодаи маҳсулоти саноати ватанӣ дар истеҳсоли алюминий пешбинӣ шуда буд.    Ҳоло беш аз 60 фоизи дастгоҳҳои барои тавлиди алюминий зарурӣ ва қисмҳои эҳтиётии он дар корхонаҳои саноатии кишвар истеҳсол мешаванд. Ба роҳ мондани ин тарзи кор имкон дод, ки хароҷоти зиёдатӣ дар дохили корхона коҳиш ёфта, иқтидори истеҳсолии корхона баланд бардошта шавад. Амалӣ шудани лоиҳаи аввал барои ташкили 4 ҳазор ҷойи нави корӣ мусоидат намуд.   Мақсад аз амалӣ намудани лоиҳаи дуюм ин тавассути ашёи хоми маҳалӣ фаъолият намудани ТАЛКО мебошад, ки барои 5 соли оянда пешбинӣ шудааст. Бо амалӣ шудани лоиҳаи навбатӣ корхона 60 фоиз бо гилхок (оксиди алюминий, фтори алюминий ва маснуоти графитӣ), ки аз ноҳияи Рашт ба даст оварда мешавад, фаъолият хоҳад кард.   Боис ба ёдоварист, ки ҳамасола тавассути роҳи оҳан танҳо барои воридоти гилхок аз хориҷи кишвар ТАЛКО 250 млн. доллар сарф менамояд. Бо амалӣ шудани лоиҳаи дуюм тамоми зарар аз ҳисоби ашёи хоми маҳалӣ пӯшонида шуда, садҳо млн. доллар ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид мегардад.

Январь 6, 2011 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад