ДУ ПАТЕНТИ ПАЖӮҲИШГОҲИ БОҒУТОКПАРВАРӢ

Январь 17, 2011 10:28

    Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоваврзӣ Давлатҷон Комилзода, олимони Пажӯҳишгоҳи боғутокпарварию сабзавоткорӣ барои навъҳои нави ноҳиябандишудаи шафтолуи «Зарнигор» ва пиёзи барвақтии «Аброрӣ» сазовори ду патент шуданд.   Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, соли сипаришуда аз тарафи олимони Пажӯҳишгоҳ се навъи қаламфури тез аз қабили: қаламфури навъи «Серҳосил», «Ханҷар» ва «Зулфи сурх» дар ҳамкорӣ бо Маркази умумиҷаҳонии сабзавоткории Тайван ва помидори навъи «Акбаралӣ» (дар шароити гармхонаҳо) барои санҷиши давлатӣ ба таври расмӣ қабул карда шуданд. Оид ба навъи селексия сабзии «Тиллоранг» олимони филиали Пажӯҳишгоҳи суғдии Академияи илмҳои кишоварзӣ санҷиши васеи истеҳсолӣ гузарониданд.

Январь 17, 2011 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон