Э. РАҲМОН: ТО ҲОЛ МАЪЛУМОТИ ОМОРӢ ҚАНОАТБАХШ НЕСТ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «То ҳанўз ҳамоҳангсозии самарабахш байни дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, буҷетиву андозӣ ва пулию қарзӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Илова бар ин, то ба ҳол маълумоти оморӣ доир ба ҳолати воқеии рушди иқтисодии мамлакат моро қаноатманд карда наметавонад», — иброз дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2010-ум ва вазифаҳо барои соли 2011. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин афзуд, ки омилҳои зикргардида ва дигар монеаҳо иҷрои саривақтӣ ва самараноки барномаҳои кўтоҳмуддат ва дарозмўҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро мушкил мегардонанд. Аз ин рў, Сарвари давлат ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дод, ки вазъи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишварро дар асоси равандҳои рушди иқтисоди ҷаҳониву минтақавӣ мунтазам таҳлил намуда, пешниҳоди худро доир ба ислоҳи камбудиҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҳар семоҳа ба Ҳукумати Тоҷикистон манзур намояд. Бо мақсади сари вақт ва пурра амалӣ сохтани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияҳои миёнамўҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2011 Нақшаи чорабиниҳои якҷояро дар доираи изҳороти муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои мушаххаси стратегӣ ҷиҳати сафарбар намудани маблағҳои иловагии зарурӣ омода намояд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






