ФИРИСТОДА БОЯД КИ ДОНО БУВАД
Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Соли саввум аст, ки сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст тибқи назарсанҷии нашрияҳои Тоҷикистон ба унвони «Сафири сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор мегардад. Аз сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки доктор Алиасғар Шеърдӯст дар тӯли се соли фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ва қаблан аз ӯ дар таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди гуногунсоҳаи ду кишвари форсизабон ва дӯсту бародар –Тоҷикистону Эрон нақши барозанда гузоштааст. Алиасғари Шеърдӯст ҳангоми мушовири Президенти Эрон буданаш дар таҳия ва иҷрои як қатор барномаҳои муштараки иқтисодӣ ва тавсеаи ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Эрон мақоми шоиста гузоштааст. Бунёди як қатор иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегидошта дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Эрон, аз ҷумла, сохтмони нақби «Истиқлол» ва НБО «Сангтӯда-2» шаҳодати гуфтаҳо буда, маҳсули фаъолияти мушовирии ӯ дар Ҳукумати Эрон аст. Инчунин, зимни намояндаи мардумӣ буданаш дар парлумони Эрон дар таҳкими равобит ва ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвари форсизабон саҳми муносиб гузошт. Ин аст, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Эрон гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ фаъолияти густурда доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шеърдӯстро на танҳо ба ҳайси сафир мешиносанд, балки ӯ ҳамчун шоир ва донишманд пазируфта шуда, дар байни фарҳангиёни тоҷик мақом ва маҳбубияти хоса касб кардааст. Маҳз бо хидматҳои бузургу шоистаи дипломати эронӣ, равобити илмию фарҳангии ду кишвари ҳамзабон густариш ёфта, осору рисолаҳои илмии шоирону олимони тоҷик дар ҳаҷми беш аз 200 адад китоб нашр гардидаанд, ки далели фарҳангдӯстӣ, рисолати баланди дипломатӣ ва арҷгузории Шеърдӯст ба мардум ва сарзамини Тоҷикистон аст.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






